Шабакаҳои обёрии байнихоҷагӣ ба мавсими обдиҳии соли 2015 омодаанд
Душанбе, 20.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти беҳдошти замин дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ доир гардид. Муовини директори агентӣ Абдулло Қурбонов зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ҷиҳати иҷрои вазифаҳо оид ба таъмин намудани кишоварзон ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, аз худ намудани заминҳои нави обёришаванда, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо корҳои муайянеро анҷом додаанд.
Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта нақшаи тоза намудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва таъмири иншооти гидротехникӣ ба иҷро расида, шабакаҳои обёрии байнихоҷагӣ ба мавсими обдиҳии ҳосили соли 2015 омода шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






