Шайдои илму ҳунар бошем, на бардаи ДИИШ!
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Моҳинави Наврӯз).-Ташвишовартарин масъала дар ҷаҳони муосир шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки қудратҳои сиёсӣ бо роҳи фанду фиреб ҷавонони гумроҳро ба доми худ кашида истодаанд. Дар баробари ин ДИИШ- давлати ба ном исломӣ ҷавондухтаронро бо ҳар роҳу воситаҳои номатлуб асири худ намудааст ва даҳшатноктарин амалҳоро баҳри онҳо раво мебинанд. Ин ҳама аз саводи кофӣ надоштани сардорони гурӯҳҳои ба ном давлати исломӣ дарак медиҳад, ки қариб аз тамоми кишварҳо ҷавондухтаронро асири худ намудаанд. Чанде қабл дар сомонаи АМИТ «Ховар» мақолае бо номи «Ривояти як духтари навҷавон аз ғуломдории ҷинсии ДИИШ» ба нашр расид. Ин ҷавондухтар чӣ гуна зери шиканҷа қарор гирифтани худро дар муддате, ки дар асорати неруҳои ДИИШ буд, нақл кардааст. Дар робита ба ин мавзӯъ назари чанд ҷавондухтарро пурсон шудем, ки фишурдаи онро пешниҳоди шумо мегардонем.
Меҳрубон Раҳматуллоева, донишҷӯи ДМТ роҷеъ ба ин мақола андешаашро чунин иброз дошт: «Ҳангоме ки ин мақоларо хондам, нафратам нисбат ба он гурӯҳе, ки ба ном “Давлати исломӣ” худро муаррифӣ мекунанд, дучанд гашт. Чӣ гуна инсон метавонад нисбат ба як духтаре, ки ҳамсинни мост, чунин амалҳои номатлубро раво бинад. Бубинед, мо дар як фазои кушоди ватан озодона таҳсил ва фаъолият намуда истодаем, аммо он духтари ранҷкашида бо ғаму андӯҳ рӯз гузаронида истодааст. Ин духтар 17 сол дорад ва ифшо мекунад, ки чӣ гуна ҳар рӯз ин имтиҳони тоқатфарсои 9 моҳааш “монанди имтиҳон миёни маргу марг будааст”, чунки ҳар лаҳза бо зарбу ситам ва озору азияти ҷинсӣ аз сӯи неруҳои ДИИШ ва тими муҳофизони онҳо рӯ ба рӯ будааст. Кадом инсони солимақл ва комил метавонад чунин амалҳои зиштро нисбат ба хохар ва духтари худ раво бинад».
Ҳамсуҳбати мо меафзояд, ки аз бисёр расонаҳо ДИИШ, ДИИШ, ДИИШ мешунидам ва боре ҳам сарфаҳм намерафтам, ки дар зери ин мафҳум чӣ пинҳон аст. Барои он ки фаҳмам, ин чор ҳарф дар зери худ чиҳоро пинҳон кардаанд, хостам ба ин матлаб рӯ биёрам. Вақте ки ин мақоларо хондам, дунё дар назарам торик намуд, надонистам чӣ гӯям, охир ин рафторҳо на ба рафтори инсонӣ мувофиқат мекарданду на ба ҳайвонӣ. Дар ин ҷо саргузашти як духтаракеро хондам, ки 17 сол дошт, духтараке, ки 17 сол дошту ӯро ҳамроҳи хоҳари 10 солааш фурӯхтанд. Медонед чӣ? Аз як чиз нафратам омад, охир онҳо ҳарду кӯдак буданд, мо ҳама дар ин дунё як бор меоему як бор меравем. Ин ду кӯдаке, ки бояд ин ҳама зебоиҳои дунёро бо чашми худ бубинанд, онҳоро ба ҷаҳаннаме, ки дар ин дунё барояшон сохтаанд, бурда, онҳоро ба афроде, ки худро ҳомиёни давлати ба ном исломӣ медонанд, фурӯхтаанд. Ин духтараки 17 сола нақл мекунад, ки маро бурданд, мегӯяд ба ёд дорам сару рӯю мӯй канданҳои модарамро, он лаҳзаҳоро ҳеҷ вақт фаромӯш карда наметавонам . Онҳоро ба Ироқ бурдаанд, рафторҳои хеле бадро нисбат ба онҳо раво дидаанд. Охир ӯ кӯдак аст, ӯ низ хондан мехоҳад, ӯ низ офтоби рӯшанро дидан мехоҳад, ӯ низ аз осмони соф нафас кашидан мехоҳад, лекин ин разилон ба онҳо чӣ кор кардаанд, чӣ азобҳоро раво дидаанд. Чӣ гунае ки худаш нақл мекунад, мегӯяд, ки мо 40 нафар духтарҳои бокира будем, моро дар як саф қатор мекарданду сардори калонашон омада, моро бӯй мекашид, баъдан интихоб мекард. Ман ҳайронам, ростӣ вақте ки он духтарҳоро мебӯйид, боре ҳам духтари худаш, фарзанди худаш ба ёдаш намеомада бошад, ки шояд ба ҷои ин духтари мазлум, ба ҷои ин духтаре, ки хурд аст, ба ҷои ин метавонад духтари ман бошад?. Пас аз хондани чунин мақола акнун пурра аз чӣ ва кӣ будани давлати ба ном исломӣ огаҳӣ пайдо кардам. Ҳарчанд он духтаронро асир гирифта буданд, аммо ман аз ҷавонони гумроҳ даъват ба амал меорам, ки бо ақли худ кор кунанд, то фирефтаи он гургони саҳроӣ нагарданд. Шукри ҳамин оромиву ободии сарзамини худ намуда, барои пешрафту ободии ватани азиз қадамҳои неки худро гузоранд.
—Мақолае, ки дар сомонаи “АМИТ” Ховар хондам, маро ба таҳлука овард, чанд лаҳза хомӯш мондам, чизе ба сарам наомад ва танҳо ақидае, ки дар сарам меомад, инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеа буд. Дар он ҷо дар бораи як духтараки мазлумае сухан мерафт, ки ҳамроҳи хохари 10 солааш фирефтаи нохудогоҳон, разилону ҷоҳилон гашта буд. Ҳангоме, ки ин мақоларо мутолеа кардам, хоҳари 10 солаи худамро ба хотир овардам, ки бубинед хоҳари ман саргарми омӯзиши илму дониш аст, аммо ин духтарак танҳо одамони бадро пеши назар меоварад. Хоҳарбузургаш аз чунин амали ғайриинсонии он ҷоҳилон рӯзи равшан дар назараш торик гашта буд. Дар ҷое худ мегӯяд; “Дар он ҳол мехостам зиндагӣ тамом шавад. Мехостам худамро бикушам. Мо маҷбур будем ошпазӣ ва покизагию назофат кунем. Баъзан маҷбур будем барояшон бихонем ва бирақсем…”, иброз медорад Меҳрангез Қодирова, донишҷӯи ДМТ. Меҳрангез меафзояд, ки он ҷо гуфта мешавад, вақте ки гурӯҳе аз духтаронро асир гирифта, ба ДИИШ бурданд, онҳоро ҳамчун як ғулом истифода мебурдаанд. Ин ба фикри ман дар замони муосир як проблемаи доғи рӯз аст. Духтарак зикр менамояд, ки “ҳангоме муқобилият нишон медодам, ба пойҳои ман оби ҷӯш мерехтанд”- магар ин амал хилофи инсонгарӣ нест? Духтарак ёдовар мешавад, ки ҳангоми амалҳои нопокашон онҳоро маҷбур мекардаанд, то сурае аз Қуръон бихонанд. Хуб, бубинед, дар ин ҷо кадом мусулмонӣ аст, кадом дин, кадом оин аст? Чӣ тавре ки мегӯянд:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Мусулмонии мост, ки имрӯз исломро ҳамин гуна ба аҳли башар муаррифӣ мекунем, мусулмонии мост, ки имрӯз исломро бад нишон медиҳем. Ин ҳама аз амалу кирдори худи мо вобастагӣ дорад. Агар мо тавонем барои олуда нагаштан ба ҳар гуна кирдорҳои нопок ҳиссагузор бошем, ана ҳамон Қуръон дарси бузург аст. Ва чӣ гуна метавон як калимаи қудсиёнаро дар вақти амалҳои нопок истифода бурд. Бояд ҳаминро гӯям, ки иффати зани Шарқ, покии зани Шарқ ба ҳамин гуна амалҳо иҷозат намедиҳад, зеро зан- модар аз қадимулайём тоза, покиза, боиффат, боназокат, ботароват буд ва бояд бимонад. Мо ҷавондухтарон дар оянда фарзандонеро бояд ба воя расонем, то дар ҷомеа саҳми худро гузоранд ва номи онҳоро ба некӣ ёд кунанд, меафзояд ҳамсуҳбати мо.
Нигина Усмонова, донишҷӯи дигари ДМТ дар робита ба ин мақола гуфт, вақте ки гурӯҳҳои ифротӣ мегуфтанд, ДИИШ мегуфтанд, ман нисбат ба ин гуфтаҳо камтаваҷҷуҳ будам, умуман нигоҳи одӣ доштам, аммо вақте ки ин маводро хондам, акнун ба худ мақсад гузоштам, ки бояд ба дӯстонам ин мақоларо расонам, то онҳо низ огоҳ бошанд, ки давлати ба ном исломӣ чунин амалҳои зиштро барои духтарони навҷавон раво мебинад. Дар ин мақола хондам, ки духтарак баъд аз рӯзҳои сахти аз сар гузаронидааш аз дасти он ифротгароён раҳоӣ ёфтааст, аммо ба доми тағояш афтодааст, чунки тағояш ба ӯ таҳдид карда мегуфтааст, ки дар сурати мавриди сӯйистифодаи ҷинсии сарбозони ДИИШ қарор гирифтанаш ӯро хоҳад кушт. Ба гуфтаи духтарак, пас аз ин ҳодиса хешовандонаш ӯро қабул надоранд, яъне кори зишт кардаасту ба нангу номуси оилаашон доғ овардааст. Магар он духтар мехост зери азобу шиканҷаи он нохудогоҳон қарор гирад? Албатта, намехост. Аз ин рӯ калонсолонро мебояд ба ҷароҳати ин гуна духтарон намак напошанд, бараъкс онҳоро роҳнамоӣ намоянд, то дубора ба зиндагии нав шурӯъ намоянд ва аз омӯхтани илм бебаҳра намонанд. Ва мисли мо ҷавондухтарон дар кишвари худ фарогири илму ҳунар бошанд. Мо ҷавонони тоҷик шукргузор аз он ҳастем, ки ватани мо барои мо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва мо бояд аз ин фурсати муносиб истифода бурда, зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар талош варзем.
Ёдовар мешавем, ки назари як гурӯҳ ҷавондухтаронро роҷеъ ба қиссаи як духтари навҷавон, ки аз асорати гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” фирор кардааст, пешкаши шумо гардонидем. Умедворем, рӯзгори талхи ин гуна бонувон барои ононе, ки мехоҳанд шомили гурӯҳҳои ифротӣ шаванд, сабақ мегардад, зеро озодию зиндагии осоишта неъмати бебаҳоест, ки онро мебояд ҳифз кард ва бо шукргузорӣ аз пайи амалӣ кардани орзуҳо пайваста бояд талош намуд.