Шунидан кай бувад монанди дидан

Июль 2, 2015 12:27

Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вақтҳои охир гурӯҳе аз ҷавонони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии Однокласники, Фейсбук ва инчунин дар телевизиони моҳвораии салафиҳои такфирӣ бо номи “Висоли Ҳақ” сару садо баланд мекунанд, ки таблиғоташон аслан ботил аст. Туҳмату фитнае бар зидди ҳукуматдорону уламои рӯҳонии тоҷик барномарезӣ шудааст, ҳатто он бадтар аз туҳмат аст, таҳқир аст, ки он дар шакли тасвири масхараомез ва кинаварзонаву барғалат зикр намудани номи масъулони давлату миллат аст. Ин роҳи мубориза барои миллати мо бегона буд. Бигзор бегона бошад, аммо нодурусту хатарзо буданаш сахт аст. Агар дурусттар нигарем, рафтори “муборизон”-и навбаромад хеле нохушоянд аст. Чунин менамояд, ки аз байн бурдани обрӯи миллату давлат на танҳо моро хавотир накардааст, балки дар нисбати он хомӯш мондаем. Агар хомӯширо раво надида бошем, чаро ин “муборизон”-и навбаромад бо алфози зишту хатаровар ҳар чӣ мегӯянду мо хомӯш истодаем? Арзу норозигии онҳо дар ин буда, ки мегӯянд: “Дар Тоҷикистон ҳукумат монеи амри маъруф, пӯшидани ҳиҷоб, бастани масҷидҳо, тарошидани риши ҷавонон, монеи рафтани ҷавонони поён аз синни 18-сола ба масҷид …” гаштааст…
Тоҷикистон рафтам, то нахуст аз ҳавои поки Ватан нафас бигирам ва ҳамчунин воқеияти ҳаёҳуйи ҷавонони бо ном “ҷиҳодиро” таҳқиқ намоям.

“Дидам ба чашму чашми дил…”

Ба пойтахти кишвар фуруд омадам. Чун аз ҳавопаймо пиёда шуда, вориди толори бақайдгирӣ шудам, дидам, ки кормандони фурудгоҳ мардуми аз мусофират баргаштаро бо тартибу интизоми хубу чеҳраҳои хандон пешвоз мегирифтанд. Ба худ гуфтам, афсӯс, ки дар гузашта ҳамеша чунин набуд, шукр, ки чунин шудааст… 
Дуруд Ватан! Хуш аст фазои Душанбе! Ҳавои басо фораму ҳама ҷо сабзу шукуфон. Ҳатто паси абрҳои пора-пора пинҳон шудани офтобро тамошо кардаму ба ваҷд омадам. Модарони тоҷикро дидам, ки пироҳани миллиро ба қавонини шаръӣ мувофиқ пӯшидаанд, аз ин хушам омад. Хушам меояд, агар хоҳарони нимбараҳнапӯш ва ҳам сияҳпӯшони ниқобдор ба ин сӯ гараванд, ки ин ҳам фарҳанги худисту ҳам зиннати ҷомеа. 
Дидам, ки дар ин ду соли набуданам Тоҷикистон хеле дигаргун шудааст, боз ҳам зеботару ободтар гаштааст. Роҳҳои ҳамвору рост маро ба зодгоҳам шаҳри Норак наздик мебурданд. Аз ду тарафи роҳ рақси дарахтони мевадиҳанда, биноҳои навбундёд, сабзаву гулзор, нағмасароии булбулону парандагон, шилдирроси чашма эҳсоси шукргузории маро дар вуҷудам неру мебахшид. Сохтмонҳои нави хонаҳои заминии дуошёнаву сеошёна, биноҳои навбунёди мактабу боғчаи кӯдакона, нақбҳои тавассути дили кӯҳ раҳкушоянда…
Ва ногаҳон… навори ҷиҳодхоҳони ноогоҳ пеши назарам меояд ва ғавғояшон дар гӯшам садо медиҳад… Ва аз худ мепурсам, ки оё иҷозат диҳем, ки ин ҳамаро ба хоку хун яксон кунанд?… 
Дарёи софи Вахш ҷилвакунон равон мешуд ва атрофи дарё сабзу хуррам буд. Дарахтони сарву чанори Норак, ки дар кӯдакӣ сояашон майдони бозии ману ҳамсолонам буд…
Магар иҷозат диҳам, ки ин ҷо майдони танку тӯпи ифротгароён бошад?… 
Мардум дар боғсароҳои назди дарёи обаш зулол, дар хонаҳои сохтаи худ осуда буданд. Намедонам, чунин нишон медоданд, ки осудаанд. Худоё, осудагиро дар ин диёру дар ин сарзамин ҳамеша ҳукмрон бигардон!
…Ҳама хешу табору ёру дӯстони интизори ман ба пешвозам баромаданд. Аввал чун одат хонаву китобхонаву осорхонаи худро назар кардам ва аз азизонам хоҳиш намудам, то дар боғчаи назди ҳавлӣ нишинем. Нишастем. Оши палав ҳам буду неъматҳои дигар низ. Аммо барои ман аз ҳама неъмати гаронарзиш шунидани садои хушҳолии наздикон ва аз дуру наздик шунидани садои парандагон ва кабки дар қафас буда, ки соҳибонаш нагузоштанд озодаш кунам ва тамошои бозиву шеърхонии кӯдакони ба дидори мани раҳдур омада буд…
… Ва бо хондани ояи Қуръону ғазали Саъдиву Хайёму Ҳофиз бо дӯстону ёру бародарон шаб гузашту субҳ шуд…
Мастиву шодист дидори деринтизор…
Ин ҳама меҳру муҳаббат чӣ зиддияте ба дин дорад, ки онро оғуштаи хуни ҷиҳодхоҳон кунем?…

“Сафар кардам ба ҳар ҷое, ки имкон буд…”

Чун рӯзи дигар шуд, вориди бозори шаҳр шудам. Дидам, растасозиву биноҳои навбунёд. Ва баъд назар афкандам бар зиндагиву гашту гузори ин шаҳр, дидам ки дари ҳеҷ масҷиде набаста. Мавъизаву суханрониҳо дар масҷид манъ набуданд. Ва дар бозору роҳҳо ҳама занҳо озод мегаштанд, яке нимбараҳнаву дигаре  дар сар рӯймолу ҳиҷоб, касе монеашон нест. Ҷавонони ришдор бо ришҳояшон фаъолият доштанд, касе кордорашон нест. Пас бароям маълум гашт, ки он сару садои сомонаҳои интернетӣ ҳама ба ҷуз туҳмату дурӯғ чизе набудааст.
Ва баъди ду рӯз ба шаҳри Душанбе рафтам. Намози шомро дар яке аз масҷидҳои наздики бозори Саховат, ки чорошёна буд, хондам. Имомаш пеш аз намози шом бо баландгӯяк амри маъруф мекард ва мардум ҳам баъзеашон бо кӯдаконашон ва инчунин ҷавонони ришдору бериш дар саф буданд. Баъди намоз ба назди имоми масҷид рафтаму ҳамсуҳбат гашта, аз ӯ дар бораи масҷидбандиву тарошидани ришу монеи амри маъруф шудан, аз гирифтани иҷозатнома барои ришу ҳиҷоб пурсон шудам. Ӯ гуфт, аслан чунин рафтору кирдоре вуҷуд надошта, ин ҳарфҳо ҳама беасосанд. Чуноне ки Шумо ҳоло шоҳид будед, бо баландгӯяк амри маъруф шуд ва дар сафи намозгузорон табақаҳои гуногуни аҳолӣ  рост истода, баъди тоату ибодат ҳама аз қафои кору зиндагии худ шуданд.
Хулоса бо чунин назарсанҷиву талоши мушоҳидакорӣ ду рӯз масҷидҳои шаҳри Душанберо гаштам, ҳеҷ монеае ба муқобили  диндорон надидам. 
Пас аз ду рӯз ба ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода сафар кардам. Дар он ҷойҳо низ масҷидҳоро обод, ҷавонони ришдор ва занҳои ҳиҷобдорро дидам.
Ҳафтае бигзашт. Ба Хуҷанди бостониву шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара рафтам ва дӯстону бародаронро зиёрат кардам. Масҷидҳои ин ҷойҳо ҳама обод ва мардумаш ҳам дар ибодату либоспӯшӣ озод буданд. Касеро монеи ришу ҳиҷобу рафтани масҷид ва сари бастани масҷиде надидам. 
Ва инчунин аз имомону уламо пурсидам, ҳама розиву хурсанд буданд ва касе чизе намегуфт. Аммо мардуму уламо аз рафтори гурӯҳи ҷавонони салафишуда дар ғазаб буданду эҳсоси хатар доштанд. Онҳо мегӯянд, ҷавонони салафишуда мехоҳанд ҷамоату масҷиди ҷудогона дошта бошанд. Ҳатто дар баъзе ҷойҳо гурӯҳу масҷиди ҷудогонаи худро ташкил кардаанд ва мехоҳанд дарсу таблиғоти салафигароии худро озодона гузаронанд. Аммо мардум бо ёрии коркунони ҳукумат ҷою макон ва масҷиди ғайрирасмии онҳоро мебанданд, то таблиғоти ғаразноки такфириро дар байни мардум паҳн накунанд. Ва агар фишор ҳамин бошад, фишори хубест.
Баъди ҳамаи ин дидаву шунида дилам боз ҳам қаноат накард. Бо аъзои Шӯрои уламои кишвар ҳамсуҳбат шудам. Доир ба манъи ҳиҷобу тарошидани ришу бастани масҷидҳову иҷозатнома гирифтан аз барои ҳиҷобу риш пурсидам. Роҳбарони Шӯрои уламо ба пурсишҳо ба чунин маънӣ посух доданд, ки «аслан ҳеҷ қонуне барои манъи ҳиҷоб, бастани масҷидҳо, тарошидани ришу иҷозатнома гирифтани ришдорон вуҷуд надошта, ин як тӯҳматест дар ҳаққи давлату ҳукумати мо”. Ба гуфти онҳо, ҳукумат ҳеҷ гоҳ дар фикри чунин тасмим набуд ва онҳо ҳаргиз ҳуқуқи диндоронро поймол карданӣ нестанд. Пас маълум мегардад, навори пурсарусадои дар сомонаи Ютуб нашр шуда, ки коркуни милисаи тоҷик риши ҷавонеро маҷбур метарошад, ҳеҷ рабте ба қонуне надошта, балки як сохтакорӣ ва тӯҳмат аст. 
Ва инчунин расмҳои тақаллубии “иҷозатнома барои риш ва ҳиҷоб”-и истифодабарандагони Фейсбук, ки гӯё бо ситонидани андоз дар ҳаҷми 250 сомонӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешудааст, ин як туҳмати ошкоро буда, мехоҳанд тавассути он дар миёни мардум фазои нобовариро эҷод намоянд, барангезиши фитна дар ҷомеаро ба миён оранд ва мақсадашон мардумро бо ҳам шӯронидан аст.
Дигар мушкилоте, ки бар сари мардум балоро оварданист, мехоҳанд ин кишвари тинҷу оромро ба майдони чиҳоди сарбурӣ, мисли Ироқу Сурия, Яману Афғонистон табдил дода, боз тоҷикро бо тоҷик муқобил гузоранд.
Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, чанд вақт инҷониб, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон телевизиони наве бо номи «Висоли ҳақ» барномаҳои зиддидавлатӣ таҳия менамояд, ки он тӯҳмати ошкоро бар зидди уламои тоҷик буда, мардуми оддиро бо баҳонаи он ки  ҳукумат масҷидҳоро мебандаду ҳиҷобу ришро манъ кардааст, кишварро обод намекунад…  аз ҳукумат норозӣ кардан аст, ки ҳамаи ин суханҳо як тӯҳмати ошкоро ба муқобили миллату ҳукумату давлати тоҷик мебошанд. 

Хитоб бар фитнагарон

Ҷанобони фитнагар, шумо мегӯед Ҳукумати Тоҷикистон масҷидҳоро мебандад. Охир, оё чунин нест, ки шумораи масҷидҳо аз шумораи мактабҳо зиёд буда, сохтани масҷидҳо дар ин шабу рӯз хеле зиёд аст. Ва агар масҷидеро ҳам баста бошанд, масҷиди салафиҳои такфирист, ки бо ақидаи имоми мазҳаби мо- Имоми Аъзам душманӣ доранду фитнаеро эҷод карда, хостаанд, ки аз мардум ҷудо буда, гурӯҳу ҷамоати ҷудогонае дошта бошанд ва ё масҷидест, ки бе ҳуҷҷату бе имом буда, дар ҳавлии бе дару девораш говон мечаранд. Дуруст аст, масҷид набояд чунин ҳақир бошад ва дуруст аст, дар замони авҷи фитнагариҳо бояд роҳ надод, ки ҳар кас масҷид созаду худро имому пешво эълон намояд.
Шумо мегӯед Ҳукумат амри маъруфро манъ кард. Ба ҷуз чанд баҳси нороҳаткунанда, ки гуфтанаш фитнаро эҷод мекунад, оё дидед, ки дар масҷиде имоми масҷидро аз сухан гуфтан манъ карда бошанд. Дониста бошед, ки агар имомеро аз имомӣ гирифта бошанд, ё сухан гуфтани муллоеро манъ карда бошанд, он дар аксар маврид сабаб дорад. То ҷое медонам, касеро, ки аз имомӣ гирифтаанд, аз сабаби надоштани маълумоти динӣ, ё аз сабаби зидди мазҳаби ҳанафӣ баромадан, ё аз сабаби асабӣ буданаш, ё фориғуттаҳсили донишгоҳҳои салафигароро хатм карданаш ва бар зидди расму оинҳои миллии мо тоҷикон қиём карданаш будааст. Ба таври намуна: бидъат гуфтани мавлуди Паёмбар (с), ҳаром донистани ҷашни Наврӯз, бидъат донистани шеъру шоирӣ, пахш кардани ақидаи салафӣ ё шиагӣ дар байни мардум, бе асос кофиру золим эълон кардани масъулони ҳукумат дар меҳробҳои масҷид ва ғайра.
Ва яке аз дигар даъвоҳоятон ин аст, ки мегӯед: Ҳукумат душмани дину ислом аст. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳукумат ба ҷуз гурӯҳҳои такфирии салафия монеи фаъолияти касе нагаштааст, чӣ дар кишвар ва чӣ берун аз он. Ба таври мисол, касонеро ки аз кишварҳои хориҷ ба Ватан бозгардониданд, онҳо, бешубҳа, дар донишгоҳҳои Саъудии ваҳҳобия  таҳсил мекарданд, ки зеҳнашон барвақт бо ақоиди ботили салафигароӣ заҳролуд шуда буд. Онҳо ошкоро таблиғоти салафигароӣ дошта, мардуми Тоҷикистонро мушрик дониста, бар зидди урфу одатҳои хуби мардуми тоҷик қиём карда, мегуфтанд: “Тоҷикистон “мушрикистон” аст, мо бояд илми тавҳидро ба онҳо аз муллоҳояш сар карда, омӯзонем”, даст ба хароб кардани мақбараҳову қабристонҳо заданд, Наврӯзу шеъру мавлудро ҳарому ширк донистанд ва асли илми тасаввуфро ширку куфр хонданд, дар ҳоле, ки тамоми бузургони мо, ба монанди Абдулқодири Гелонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Ҳофиз, Саъдӣ, Хайём, Румӣ, Ҷомӣ, Ҷунунӣ ва ҳазорон бузургони дигари мо асосгузору пирони тариқат буданд. Ва ҳукумат монеи будану таҳсили ҷавонон дар кишварҳое нагашт, ки бар ақидаи динии ҷавонон зиён надоштанд. Ба таври намуна: ин ки дар кишвари Русия бештар аз ҳафтод фисади намозгузорони масҷидҳо ва инчунин имомону муаззинҳо аксарият тоҷиконанд, ҳеҷ гоҳ Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳеҷ ҷавоне кор нагирифт, ба ҷуз аз нафарони салафӣ ва ҷавонони ифротгаро. Аммо ногуфта намонад, ки шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя дар аксар маврид метарсанд ба масҷид дароянд. 
Ва дигар ин ки яке аз мавзӯъҳои рӯзи шабакаи доишии “Висоли ҳақ”-и салафия ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳиҷобу риш гузоштанро манъ кардааст. Ва ин ҳам як тӯҳмати ошкорост, ки надониста, нодида, аз дур истода, тӯҳмату дурӯғ гуфта, давлати Тоҷикистонро ба қавли худаш шарманда карданист. Кош шореҳи ин шабака инсоф медошту меомад, ба чашми худ медид, ки дар пойтахти кишвари Тоҷикистон занон бо ҳиҷобу мардони ришдор мегарданду касе ба онҳо коре надорад. Ҳукумат танҳо аз ниқоби сиёҳ норозист, ки он як пора латтаест дар рӯи даҳону бинии зан то чашмонаш. Ин ниқоб на фарз асту на суннат ва на аз расму ойини мо…
    
Хайриддини Абдуллоҳ, роҳбари Кумитаи дин ва фарҳанг дар назди Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия.

 

Июль 2, 2015 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад