Силоҳбадастони ДИ мавқеъҳояшонро тарк мекунанд
Душанбе, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари РИА «Новости», артиши Сурия ва ҷанговарони ихтиёриёни халқӣ дар канори шаҳри Палмира ба ҷангиёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» якчанд зарбаи шадид заданд.
Шабакаи телевизионии ал – Маёдини Лубнон хабар дод, ки низомиёни Сурия ва ихтиёриён баъди зарбаҳои муваффақонаи тайёраҳо ва амалиёти артиш қисми зиёди теппаҳои атрофи шаҳри Палмираро таҳти назорати худ гирифта, хати ҷабҳаро убур кардаанд.
Шаҳри Палмира, ки димнаҳои қадимааш яке аз шаш иншоотҳои Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар Сурия маҳсуб меёбад, дар нимаи моҳи май таҳти назорати силоҳбадастон қарор гирифта буд. Артиши Сурия қабл аз ақибнишинӣ аз шаҳр қисми зиёди сокинон ва муқаддасоти таърихии осорхонаи марказии онро ба ҷойҳои дигар кӯчонид. Баъди истилои шаҳр димнаю маъбадҳои бостонии онро хавфи нобудшавӣ таҳдид мекунад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






