Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ: «Дарёи Ғунд ба маҷрои пешини худ равон аст»

Июль 20, 2015 07:00

Душанбе, 20.07.2015. АМИТ «Ховар»,).-Ба иттилои муовини  сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон подполковник Миралӣ Ҳалимов соати 01.00 шаби гузашта   дар мавзеи осебдидаи деҳаҳои ноҳияи Шуғнон боз сел омада, маҷрои дарёи Ғунд  ба муддати 15 дақиқа банд шуда буд. Пас аз  анҷом додани корҳои фаврӣ аз ҷониби кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ҳоло дарё ба маҷрои пешини худ равон аст.
Ба иттилои раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев, дар ин лаҳзаҳо дар мавзеи машқгоҳи ҳарбии деҳаи Манеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳия ҷудо кардани замин барои зарардидагони офат ҷараён дорад. Дар ин мавзеъ 22 гектар замин барои зарардидагон ҷудо гардидааст. Ҳоло корҳои омодагӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ба 72 оила идома доранд. Дар назар аст, ки ба ҳар оила 6 садякӣ замин ҷудо шавад. Пас аз ба анҷом расидани ин корҳо қуръапартоӣ сурат мегирад.

Июль 20, 2015 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд