Сокинон бо дастгирии мақомоти иҷроия барои 240 хонанда мактаб месозанд

Июль 14, 2015 04:13

Хучанд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба сохтмони бинои нави таълимӣ дар ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара санги асос гузошта шуд. Ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара сокинони деҳоти Чилгазӣ — волидайни хонандагон ва соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55 бинои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст бунёд намоянд.
Муассисаи таълимии мазкур аз боргоҳҳои асили илму маърифат дар деҳоти Чилгазӣ маҳсуб шуда, бинои мавҷудаи таълимии он, ки барои 340 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, ҳанӯз соли 1975  ба истифода дода шуда буд.
Ҳоло дар ин таълимгоҳ 40 нафар устод ҳамарӯза дар ду баст ба таълиму тарбияи 433 шогирд машғул аст ва табиист, ки норасоии ҷойи нишасти таълимӣ мушкилот пеш оварда буд.
Лоиҳаи иншооти бинои нави таълимӣ, ки барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, аз ҷониби меъморони КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, онро бинокорони ҶДММ «Нури дурахшон» бунёд хоҳанд кард.

 

Июль 14, 2015 04:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст