Сокинон бо дастгирии мақомоти иҷроия барои 240 хонанда мактаб месозанд
Хучанд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба сохтмони бинои нави таълимӣ дар ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара санги асос гузошта шуд. Ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара сокинони деҳоти Чилгазӣ — волидайни хонандагон ва соҳибкорони маҳаллӣ тасмим гирифтаанд, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №55 бинои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст бунёд намоянд.
Муассисаи таълимии мазкур аз боргоҳҳои асили илму маърифат дар деҳоти Чилгазӣ маҳсуб шуда, бинои мавҷудаи таълимии он, ки барои 340 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, ҳанӯз соли 1975 ба истифода дода шуда буд.
Ҳоло дар ин таълимгоҳ 40 нафар устод ҳамарӯза дар ду баст ба таълиму тарбияи 433 шогирд машғул аст ва табиист, ки норасоии ҷойи нишасти таълимӣ мушкилот пеш оварда буд.
Лоиҳаи иншооти бинои нави таълимӣ, ки барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, аз ҷониби меъморони КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара таҳия гардида, онро бинокорони ҶДММ «Нури дурахшон» бунёд хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






