Суғд: 7 нафар аз ҷониби оташнишонон наҷот дода шуд
Хуҷанд, 20.07.2015. АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилояти Суғд 176 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят иттилоъ доданд, аз оғози соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли 2014(174) ду адад зиёд ҳодисаи нохуши сӯхтор ба амал омада, маблағи зарар наздик ба 858 ҳазор сомониро ташкил дод. (2014 — 1 млн. 377 ҳазор)
Дар натиҷаи ин сӯхторҳо аз 5 сокини вилоят се нафар дар ҳолати мастӣ ва 1 кӯдаки хурдсол ҳалок гашта, 7 нафар аз ҷониби оташнишинон наҷот дода шуд.
Аз шумораи умумии сӯхторҳои ба амал омада 141 адад ё ин ки 80% он дар манзилҳои истиқоматии сокинон ба амал омадааст, ки сабаби асосии он риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ аз ҷониби сокинон мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






