Суғд: Кумаки аъзои ҲХДТ ба осебдидагони ВМКБ

Июль 27, 2015 10:37

Душанбе,  27.07.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва кумитаҳои ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилоят ба хотири дастгирии мардуми минтақаи ВМКБ, ки бар асари боронгариҳои зиёд ва омадани сел аз манзилҳои истиқоматии хеш маҳрум монданд, кумак расониданд.
Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, аъзои ин ҳизб ба хотири дастгирии сокинони аз офати табиӣ зарардида даҳ ҳазор сомонӣ маблағ фиристоданд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 210 нафар кӯдакону наврасон аз ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ ва Рашт, ки бар асари офатҳои табиӣ хонаводаи онҳо зарар дидааст, ба вилояти Суғд оварда мешаванд ва то замони бунёди хонаҳояшон дар истироҳатгоҳҳо ва макотиби вилоят ба фароғату таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба ин кӯдакон  лавозимоти зарурӣ тақдим мешавад ва онҳо аз ҷиҳати моддӣ таъмин хоҳанд буд.
 

 

 

Июль 27, 2015 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд