Суди олии иқтисодӣ: пардохти зиёда аз 2 млн. сомонӣ ба буҷаи давлат
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷониби Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 311 парванда ва аризаву шикоят баррасӣ гардид», — зикр намуд Наим Мансурзода, раиси Суди олии иқтисодии кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Н. Мансурзода ҳамчунин изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ маблағи даъвоҳо ба миқдори 13 млн. 688 ҳазору 303 сомонӣ рӯёнида шуда, аз рӯи аризаҳои даъвогӣ шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ боҷи давлатӣ ба фоидаи буҷаи давлат ба маблағи 2 млн. 66 ҳазору 728 сомонӣ пардохт гардидааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Наим Мансурзода дар посух ба саволи хабарнигорон оид ба он ки чанд парванда бо иштироки соҳибкорони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, гуфт, ки аз ин гуна парвандаҳо дар ин давра танҳо дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе 6 адад сабт шудааст.
Сипас, ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи ягон нафар корманди судҳои иқтисодии кишвар бо ҷурми содир намудани ҷиноят ва ё қонуншиканӣ ба даст афтодааст, иттилоъ дода шуд, ки дар ин нимсола ин гуна ҳолат ба қайд гирифта нашудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






