Суханронии С. Аслов дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин

Июль 24, 2015 04:20

Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 июли соли 2015 дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар назди доираҳои илмӣ ва коршиносони Чин сухан гуфт.  
Дар баромади худ С.Аслов бори дигар мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро доир ба аҳамияти муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин баён намуда,  иштироккунандагонро бо самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ шинос кард.  
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид сохт, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин солҳои охир рушди хосса касб намудаанд ва дар инкишофи ҳамкории минтақавӣ таъсири мусбат доранд.  
Дар робита ба Афғонистон С. Аслов мавқеи кишварро оид ба дастгирии нақши ҳамоҳангсози СММ дар саъю кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоили Афғонистон тасдиқ намуд. Вазири корҳои хориҷӣ оид ба саҳми Тоҷикистон дар рушди устувори иқтисодии Афғонистон дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба маълумот дод.  
С. Аслов инчунин дар бораи ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин оид ба бунёди камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ибрози андеша намуд.  
Дар Академия вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Сай Фан мулоқот анҷом дод. 

 

Июль 24, 2015 04:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст