Таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Рушди неруи инсонӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ : вазъ ва дурнамои он» ва «Таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ»- таҳти чунин унвонҳо 10 июл бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ду конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ барпо шуд. Конфронсҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 700-солагии алломаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф доир гардиданд.
Дар конфронс муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, сардорони раёсати дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони як зумра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, доираи васеи олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, ҳамзамон беш аз 40 мавзӯъ дар бахшҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






