Тадбирҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои харобиовар дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-27 июли соли ҷорӣ барои мусоидат дар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои ғайричашмдошт, ки ҳафтае қабл дар ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ ва Рашт ба вуқўъ пайвастанд, бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои сохтории он, аз ҷумла масъулини Агентии обуҳавошиносӣ ҷаласаи васеъ доир гардид. Раиси кумита Хайрулло Ибодзода зикр кард, ки барои расонидани кумак ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва минбаъд сари вақт огоҳонидани мардум аз чунин хатарҳо кумита бояд аз тамоми имкониятҳо истифода барад.
Зикр шуд, ки гармшавии бесобиқаи иқлими сайёраи Замин вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Чуноне аз ҳодисаҳои харобиовар дар ин ё он мамлакат аз тариқи воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ аён мегардад, ҳамасола ба зиндагии инсоният омилҳои фалокатбори табиӣ бештар таҳдид доранд. Аз ин хатарҳои экологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири минтақаи ҷаҳон аст, дар канор буда наметавонад.
Муовини раиси кумита Ойхон Шарифова ва директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҳомидҷон Расулзода доир ба вазъи иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ сухан гуфтанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






