Таъмини аҳолии деҳаи Ваҳдат бо оби нӯшокӣ

Июль 3, 2015 11:35

Турсунзода, 03.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Турсунзода ду обанбор бо ғунҷоиши 250 куб ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии обанбор роҳбарияти шаҳр ва сокинони деҳоти мазкур иштирок карданд. Баробари ба истифода додани обанбор беш аз 200 нафар сокини деҳаи Ваҳдат ва  сокинони деҳаи ҳамсояи он бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.  Тибқи иттилои мутахассисон барои ба кор даровардани бунгоҳи обкашӣ ду қубури зеризаминӣ пайваст шуда,  аз  масофаи 4,5 км об оварда шудааст. Иншооти обтаъминкунӣ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати ҶТ бунёд гардид. 

Июль 3, 2015 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш