Таъмини фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ
Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар шашмоҳаи аввали соли равон фаъолияти мунтазами Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ таъмин гардид, ки дар интиҳои давра шумораи умумии иштирокдорони низоми мазкур ба 16 адад расид. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Аз ҷониби ташкилоти қарзии иштирокдорони Низоми пардохти миллии КОРТИ МИЛЛӢ 759 ҳазору 243 корти миллӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72,4 фоиз зиёд мебошад.
То 1 июли соли 2015 аз ҷониби ташкилоти қарзӣ барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар маҷмӯъ 732 банкомат ва 1 882 терминали электронӣ (аз ҷумла, дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 1 356 адад ва дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 526 адад)-ро мавриди истифода қарор доданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта шумораи банкоматҳо 76 адад ва терминалҳои электронӣ 566 адад зиёд мебошанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






