Тартиботи ҳуқуқиро пурзӯр мебояд кард
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Масъалаи баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, интизоми ҳарбӣ, пурзӯр намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ, ҷо ба ҷогузории кадрҳои соҳавӣ ва дар ҳама мавсим ва фаслҳои сол ҳамаҷониба таъмин намудани хизматчиёни ҳарбӣ бо маводи хӯрокӣ, либос ва дигар амволи шайъиро котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо, масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Вазорати мудофиа мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа вобаста ба рафъи монеаҳои мавҷуда, таъкид гардид, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ, новобаста аз рутба ва сатҳи вазифавӣ, яъне аз генерал то сарбози қаторӣ, бояд дар самти иҷрои уҳдадориҳо ва вазифаҳои рӯзмарраи хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намояд.
Дар анҷоми ҷамъомад масъулини навъи қӯшунҳо ва роҳбарони баъзе аз ҷузъу томҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати рафъи монеаву мушкилоти мавҷуда тамоми тадбирҳои лозимиро роҳандозӣ намуда, назоратро аз рӯи фаъолият ва уҳдадориҳои хизматии зертобеиён пурзӯр намоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






