Таъсиси Маҳфили донишҷўёни тоҷик дар хориҷ аз кишвар
Душанбе, 16.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор ҷавони соҳибистеъдоду лаёқатманди мо дар хориҷи кишвар таҳсил дошта, аксари ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир талош доранд.
Бо ин мақсад иттиҳодияи ихтиёрии ҷавонони тоҷике, ки дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши раиси кумита таъсис шуда ва фаъолият дорад.
Бино ба гуфтаи роҳбари иттиҳодияи мазкур Толиб Амиров, ҳадафи асосии маҳфил- баланд бардоштани номи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар буда, ҳадафи дигараш муттаҳид сохтани ҷавонон ва таблиғи дастовардҳои воқеии кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳамоҳанг сохтан, дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта барои таҳсили пурмаҳсул ва хизмати шоён барои давлату миллати хеш мебошад.
Ҳамчунин дар назди кумита «Маҳфили донишҷўён» низ фаъолият дорад, ки аз ҷониби ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта таъсис шудааст.
Уҳдадориҳои ин маҳфил иштироки фаъол дар амалӣ намудани чорабиниҳои маҳфил ва натиҷаи ноилшаванда — муттаҳид гардидани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта, дарёфти кадрҳои болаёқат, ташаккули ваҳдату ҳамдилӣ миёни донишҷӯёни мазкур ва пуштибонӣ аз сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Гуфта мешавад, рӯзҳои наздик сомонаи расмии маҳфил фаъол мешавад, ки ба воситаи он фаъолият ва дастоварди донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил доранд, интишор мегарданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






