Татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). -10-уми июли соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо дастгирии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳафтуми Гурӯҳи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии кор ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили қоидаҳои савдо, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” зери роҳбарии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоти байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар аснои чорабинӣ масъалаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва баррасии ҷараёни иҷрои қарори Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонуние, ки тибқи нақша дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ” таҳия мешаванд, инчунин таъсис ва ташаккули манбаи иттилоотии маълумот ва феҳристи марказонидашудаи савдо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон аъзои Гурӯҳи корӣ вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии машваратӣ, ки 21 июли соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст, пешниҳоди судманд баён доштанд.
Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дутарафа байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва БР СММ дар доираи лоиҳаи минтақавии “Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” ташкил шуд.
Дар доираи ташаббуси мазкур БРСММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои марбутаи кишвар мусоидат карда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқ ва такмили қонунгузории кишвар дар соҳаи савдо дастгирӣ менамояд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






