Тавилдара: қисми хароҷоти буҷет иҷро нагардид
Тавилдара, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Даромади буҷети ноҳияи Тавилдара дар нимсолаи якуми соли 2015 ба ҷои 1 миллиону 291 ҳазору 450 сомонии нақшавӣ ба андозаи 1 миллиону 549 ҳазору 465 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 120 дарсади нақша баробар аст.
Воридоти андози иҷтимоӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ба қадри 1 миллиону 539 ҳазору 278 сомонӣ дар ин давра иҷро гардид, ки он 101 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бо маблағи 3 миллиону 88 ҳазору 744 сомонӣ, ё ин ки 110 дарсад иҷро шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 260 ҳазору 783 сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷет дар шаш моҳи сипаригашта ба ҷои 7 миллиону 103 ҳазору 505 сомонии нақша 6 миллиону 249 ҳазору 294 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 88 дарсади қисми хароҷот баробар аст. Сабаби иҷро нашудани қисми хароҷоти буҷет- ин аз ҳисоби Вазорати молия ҷудо нагардидани 399 ҳазору 75 сомонӣ ва ҷойҳои кори холии ташкилоту муассисаҳои ноҳия мебошад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






