Тавилдара: қисми хароҷоти буҷет иҷро нагардид

Июль 29, 2015 02:43

Тавилдара, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Даромади буҷети ноҳияи Тавилдара дар нимсолаи якуми соли 2015 ба ҷои  1 миллиону 291 ҳазору 450  сомонии нақшавӣ   ба андозаи 1 миллиону 549  ҳазору 465 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 120 дарсади нақша баробар аст.
Воридоти андози иҷтимоӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ба қадри 1 миллиону              539 ҳазору 278 сомонӣ дар ин давра иҷро гардид, ки он 101 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бо маблағи 3 миллиону 88 ҳазору 744 сомонӣ, ё ин ки 110 дарсад иҷро шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 260 ҳазору 783 сомонӣ зиёд мебошад.            
Қисми хароҷоти буҷет дар шаш моҳи сипаригашта  ба ҷои 7 миллиону 103 ҳазору 505 сомонии нақша 6 миллиону 249 ҳазору 294 сомонӣ иҷро шудааст, ки он ба 88 дарсади қисми хароҷот баробар аст.   Сабаби иҷро нашудани қисми хароҷоти буҷет- ин аз ҳисоби  Вазорати молия ҷудо нагардидани 399 ҳазору 75 сомонӣ ва  ҷойҳои кори холии ташкилоту муассисаҳои ноҳия  мебошад.

Июль 29, 2015 02:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар