Тоҷикистон бо кумаки Русия боз 6 шаҳрвандашро аз Яман берун овард
Душанбе, 16.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Санаи 16.07.2015 сол соати 1:45 бо ҳавопаймои махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Русия шаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони шахри Душанбе, Қалъаи Хумб ва Панҷи кишваранд, аз шаҳри Санъои Ҷумҳурии Яман ба шаҳри Маскав оварда шуданд.
Тавре намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, шаҳрвандонро кормандони масъули Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешвоз гирифта, онҳоро дар ситоди муваққатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвари иқомат ташкил шуда буд, ҷойгир намуданд. Худи ҳамин рӯз бо хатсайри Маскав-Душанбе як нафар- Хайруллоев Ҳ. гуселонида шуда, боқимонда бо хатсайри Маскав-Душанбе соати 23:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз хоҳанд намуд.
Рӯйхати шаҳрвандони мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ тартиб дода шуда, барои интиқол додани онҳо аз Яман ба Маскав ба ҷониби Русия пешниҳод шуд.
Зимни суҳбат бо шаҳрвандон маълум гардид, ки дар ҳоло теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурии арабӣ боқӣ мемонад. Шаҳрвандон аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия барои интиқол доданашон аз Яман ба Маскав ва пешвозу гуселонидан изҳори сипос намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






