Тоҷирони Италиё дар Тоҷикистон

Июль 21, 2015 06:59

Душанбе, 21.07.15. (АМИТ «Ховар»). —  Ҳайати  иқтисодии  Италиё  бо  сарварии  роҳбари Лоиҳаи  Иттиҳоди  Аврупо  оид ба  рушди  косибии созмони ғайриҳукуматии UMBRIA EXPORT  Энзо  Фалоччи ба  манзури роҳандозии  равобити  тиҷоратӣ  бо аҳли  тиҷорати  Тоҷикистон  ва  дарёфти  мушорикони  фаъол  аз  Тоҷикистон боздид  намуд. 
Дар  ҳошияи  боздид мулоқоти ҳайат  бо  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид  баргузор гардида,  дар  ҷараёни он  масоили  ҳамкории  дуҷонибаи  иқтисодию  тиҷоратӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Дар  мулоқот  намояндагони 25  ширкату  корхонаҳои  асосии   саноати  хурокворӣ,  соҳаи  коркарди  маҳсулот,  дорусозӣ,  тандурустӣ,  кишоварзӣ ва сайёҳӣ  Тоҷикистон  иштирок доштанд.
Шариф  Саид   иброз  дошт, ки  соҳибкорони  Тоҷикистон ҷонибдори  рушди  ҳамкорӣ бо  истеҳсолкунандагони  маҳсулоти  Италиё  мебошанд.
Ҳайати  Италиё  ба ҳамкории  байни Палатаи  савдо  ва саноати Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи  миллии  савдои берунии  Италиё  бо  лоиҳаи UMBRIA EXPORT – и Иттиҳоди  Аврупо,  ислоҳоти  иқтисодӣ  дар  Тоҷикистон,  вазъи  мусоиди  маблағгузорӣ ва  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ  таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  намуд.

 

Июль 21, 2015 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст