Қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон доир гардид
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ “Ховар” Меҳрони Курбон).-Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат 16 июл қуръакашии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми миллӣ баргузор шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар ин марҳилаи мусобиқа 10 дастаи лигаи олӣ ва 6 ластаи лигаи якум ширкат дорад. Мувофиқи куръакашӣ барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и пойтахт ва ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионат дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ба гурӯҳҳои алоҳида партофта шуданд.
Бояд зикр кард, ки мувофиқи қуръакашӣ дар марҳилаи якҳаштниҳоӣ ҷуфтҳои зерин созмон дода шуданд:
«Истиқлол»-и Душанбе бар «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Канд»-и Конибодом, «Помир»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Исфара»-и Исфара,«Панҷшер»-и Румӣ бо КМВА «Помир» Душанбе, «Далерон-Ӯротеппа» -и Истаравшан бо «Барқи тоҷик»-и Душанбе, «Чашма»-и Шаҳритӯс бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Саройкамар»-и Панҷ бо «Хайр»-и Ваҳдат.
Бозиҳои якуми 1/8 финалӣ рӯзҳои 25-26 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 4-5 август доир мешаванд.
Ёдрас месозем, ки ҷоизапулии Ҷоми Тоҷикистон 65 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷом бо 40 ҳазор сомонӣ ва дастаи финалист бо 25 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми миллии мамлакат рӯзи 25 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






