“Вахш” -пешсафи сабқати собиқадорон
Душанбе, 23.07.2015.(АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Дар мусобиқа байни дастаҳои собиқадорони футболи Тоҷикистон рӯзи 19 июл ду бозии даври чорум баргузор шуд. Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи собиқадорони “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро қабул кард. Ёдовар мешавем, ки устодони тӯби чармини кӯлобӣ муваффақ нашуданд, ки бозиро ба фоидаи худ анҷом кунанд ва дар натиҷа бо ҳисоби бузурги 3 бар 6 шикаст хӯрданд. Баъди ин ғалаба дастаи собиқадорони “Вахш” бо 10 имтиёз мақоми худро дар садри ҷадвали мусобиқа мустаҳкамтар гардонид.
Дар бозии дигари ин давр ду дастаи пойтахт “Рамис-Испечак” ва “Динамо” бо ҳам рӯбарӯ шуданд. Бозии шавқовари дастаҳои собиқадор бо ҳисоби 5 : 2 ба анҷом расид.
Бозиҳои даври панҷуми мусобиқа рӯзи 25 июл доир мешаванд. Дар ин давр пешсафи ҷадвали мусобиқа дасти “Вахш” дар майдони худ “Рамис-Испечак”-ро қабул мекунад. Дастаи Собиқадорони “Равшан” ба шаҳри Хуҷанд сафар карда, дастаи “Динамо”-и пойтахт дар Душанбе бо “Трикотажчӣ”-Истаравшан рақобат мекунад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






