ВКД: «Ба маблағи 65 миллион сомонӣ молу ашё эмин нигоҳ дошта шудааст»

Июль 25, 2015 03:59

Душанбе, 25.07.2015. (АМИТ «Ховар» А. Ҳаитов).-Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии мамлакат дар нимсолаи аввали соли равон 326 ҳодисаи худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 181 ҳолат мардон ва дар 145 ҳолат занон ин амали нангинро содир кардаанд. Мутаассифона, дар миёни ин нафарон 53 ноболиғ, аз ҷумла 33 духтари нобилиғ худкушӣ ва ё кӯшиш ба худкушӣ кардааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар ҳудуди мамлакат 318 ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шуда буд.
Аз 642 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ, ки дар нимсолаи аввали соли 2015 ба амал омадааст, 163 ҳолати он садамаи марговар буда, дар натиҷа 196 нафар ҳалок ва 688 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Тавре ки дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттиллоъ дода шуд, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди мамлакат 546 сӯхтор рӯй додааст, ки ба марги 13  нафар ва ҷароҳат бардоштани 20 сокини мамлакат боис шудааст. Маблағи зарар аз сӯхторҳо 1 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо талошу кӯшишҳои кормандони хадамоти оташнишонӣ ҳангоми бартараф кардани сӯхтор ба маблағи 65 миллион сомонӣ молу ашё аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд.

 

Июль 25, 2015 03:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст