ВКД Суғд: аз вилоят 90 нафар дар муқовиматҳои Сурия иштирок дорад
Хуҷанд, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Тибқи маълумоти фаврии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳоло дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия аз вилояти Суғд 90 сокини шаҳру ноҳияҳои он, аз ҷумла 23 нафар бо ҳамроҳии ҳамсар ва 37 нафар бо фарзандони ноболиғ иштирок доранд.
Ин нуктаи назар зимни нишасти хабарӣ аз ҷониби сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Назарзода Шариф Раҳмон баён гашта, ҳамзамон ӯ илова намуд, ки ҳоло нисбат ба 57 нафари онҳо бо дастрасии моддаи 401 иловаи 1-и кодекси ҷиноӣ ҶТ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида ва 41 нафари онҳо дар кофтукови расмӣ эълон шудаанд.
Инчунин сардори Раёсат афзуд, ки дар ин муддат бо назардошти даст доштан дар ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм 70 ҷинояткори махсусан хавфнок, аз ҷумла: 27 нафар аъзои иттиҳоди ҷиноии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон»; 16 нафар -аз ҷамоати «Ансоруллоҳ»; 6 нафар аз ҷамоати «Ҷундуллоҳ»; 20 нафар аз равияи динии «Салафия», 1 нафар аз ҳизби динӣ-экстремистии «Ҳизб — ут — Таҳрир» муайян ва дастгир шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






