Волии толибон дар Форёб кушта шуд

Июль 27, 2015 04:30

Душанбе, 27.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бар  асари  ҳамлаи тайёраҳои  қувваҳои  ҳарбии  ҳавоии Афғонистон дар  қаламрави  вилояти  Форёби ин  кишвар  8  нафар  силоҳбадастони  ҷунбиши «Толибон» кушта шуда, 14  нафари онҳо  захм  бардоштанд. 
Назар  ба  иттилои Агентии иттилоотии  «Пажвок», волии толибон  дар  Форёб Қорӣ Салоҳуддин,  ҳамчунин  ду  нафар  зархаридони  хориҷӣ  аз ҷумлаи  кушташудагон  мебошанд. 
Ёдовар  мешавем, ки  вақтҳои охир  вазъи  амниятии вилояти Форёб басо пуршиддат  гардидааст. Силоҳбадастон ба  якчанд вулусволӣ ҳамла  оварда, даҳҳо  деҳаҳоро  таҳти назорати  худ  гирифтаанд. Бар  асари  ҳамлаи  худкуш  дар  вулусволии Алмар  19 нафар  ҳалок  шудаанд. 

Июль 27, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд