Вуруди беш аз 3 миллиард сомонӣ андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет

Июль 20, 2015 09:04

      Душанбе, 20.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Иҷрои нақшаи андозҳо  ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби мақомоти андози кишвар дар нимсолаи аввали соли равон 102,7 % таъмин гардид»,- гуфт 20 июл дар ҷамъи хабарнигорон Нусратулло Давлатзода -раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар ин давра аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети кишвар 3 миллиарду  780, 6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 450 миллион сомонӣ ё 13,5 % зиёд мебошад. 
         Зикр шуд, ки дар ин давра  иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо  бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 112,4 %, вилояти  Хатлон 105,1 %, вилояти Суғд 98,6% ва шаҳри Душанбе 100,8 % таъмин гардидааст.
       Раиси Кумитаи андози кишвар афзуд, ки мақомоти андози ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар самти ғанӣ гардонидани буҷаи ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда, барои беҳтар сохтани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас меандешанд.
    

Июль 20, 2015 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст