Ю. Аҳмадзод: Дар натиҷаи санҷиш 176 млн. сомонӣ рӯёнида шуд

Июль 31, 2015 07:05

   Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон 2709 санҷиш гузаронида шуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 18953 санади эътиноии прокурорӣ ирсол гардида, бо баррасии онҳо 15548 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуда, 1512 парвандаи ҷиноятӣ оғоз  шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии ҶТ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод зикр кард.
Бино ба гуфтаи Прокурори генералӣ, дар натиҷаи санҷишҳо ва андешидани чораҳои эътиноии прокурорӣ ба маблағи 176 млн. сомонӣ зарарҳои молиявие, ки аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо расонида шудаанд,  рӯёнида шуданд, ки аз ин маблағ 110 млн. сомонӣ бевосита ба буҷети давлатӣ ворид гардид.
    Дар самти иҷрои қонунгузории замин 258 санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаашон 2714 санади таъсиррасонии прокурорӣ бароварда шуда, дар асоси баррасии онҳо зиёда аз 2219 шахси масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, нисбат ба 502 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар маҷмӯъ 2219 га қитъаи замин ба ҳолати аввала  баргардонида шуд.

 

Июль 31, 2015 07:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд