178 гаравгон озод шуданд

Август 3, 2015 11:40

Душанбе, 03.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Нигерия 178 гаравгонро аз асорати гурӯҳи ифротии Боко Ҳаром озод карданд.
Миёни озодшудагон 101 кӯдак, 67 зан ва 10 мард мебошанд. 
Дар натиҷаи амалиёти озодкунии гаравгонҳо яке аз фармондеҳони аршади Боко Ҳаром дастгир ва чанд қароргоҳи ин гурӯҳи ифротӣ нобуд карда шуд.

Август 3, 2015 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш