Афғонистон: Дар 9 музофот 52 силоҳбадасти Толибон кушта шуд

Август 11, 2015 12:40

Душанбе, 11.08.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар 9 музофоти Афғонистон дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ 52 силоҳбадасти Толибон маҳв гардид. 
Бино ба иттилои Вазорати дифои Афғонистон, нерӯҳои амниятии ин кишвар дар музофотҳои Кунар, Фараҳ, Зобул, Урузғон, Ғазнӣ, Майдон-Вардак, Пактико, Кобул ва Лағмон амалиёт гузаронданд, ки дар натиҷа 52 ҷангии Толибон маҳв гардида, 32 тани дигар ҷароҳат бардоштааст.
Ҳамчунин нерӯҳои Афғонистон яроқу аслиҳа ва мина дарёфт намуда,  безарар кардаанд. 

 

Август 11, 2015 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш