Афғонистон: ноҳияи Мусо-Қалъа аз толибон озод карда шуд

Август 31, 2015 11:26

Душанбе, 31.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон эълом дошт, ки ноҳияи Мӯсо Қалъаи музофоти Ҳилманд аз толибон озод карда шуд.
Бино ба иттилои  «Хома пресс», дар рафти амалиёти низомӣ беш аз 220 ҷангии Толибон кушта ва захмӣ карда шудаанд. Инчунин нерӯҳои амниятӣ садҳо таҷҳизоти таркандаи худсохтро  ошкор ва безарар гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе силоҳбадастони  Толибон қисми зиёди ноҳияи Мӯсо Қалъа, аз ҷумла маркази маъмурии онро забт карда буданд. Нерӯҳои Афғонистон бо дастгирии СААШ (НАТО) амалиёти барқарорсозии назоратро дар ин минтақа оғоз карданд. 

 

Август 31, 2015 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид