Афзоиши андозҳои иҷтимоӣ дар Рашт
Рашт, 24.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Дар ноҳияи Рашт нақшаи умумии андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 12 млн. 230 ҳазору 685 сомонӣ ба буҷет 12 млн. 883 ҳазору 393 сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 652 ҳазору 708 сомонӣ бештар мебошад.
Аз ҷумла, дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 108 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 6 млн. 162 ҳазору 895 сомонӣ, 6 млн. 671 ҳазору 354 сомонӣ дохил гардидааст, ки ин аз нақша 508 ҳазору 459 сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 — 664 ҳазору 884 сомонӣ афзунтар аст.
Маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 96 фоиз, яъне ба ҷойи 17 млн. 111 ҳазору 400 сомонӣ, дар ҳаҷми 16 млн. 394 ҳазору 100 сомонӣ ворид карда шудаанд, ки нисбат ба нақша 717 ҳазору 300 сомонӣ кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромадии буҷети маҳаллӣ бо назардошти маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 99 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 23 млн. 868 ҳазору 665 сомонӣ ба буҷет 23 млн. 659 ҳазору 821 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 208 ҳазору 844 сомонӣ кам аст. Сабаби асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми даромадии буҷети маҳаллӣ пурра ворид нашудани маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра ба 22 млн. 235 ҳазору 678 сомонӣ баробар буда, 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нақша 1 млн. 900 ҳазору 564 сомонӣ кам мебошад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллии ноҳия нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 874 ҳазору 262 сомонӣ афзудааст.
Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия, ин пурра ворид нагардидани маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷой доштани воҳидҳои холии корӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва кам кардани хароҷотҳои дуюмдараҷа мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ- маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дода шуда, беш аз 18 млн. 189 ҳазору 159 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона гардид, ки 81,8 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамоянд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






