Ғалабаи “Равшан”- у “Барқи тоҷик” бар КМВА “Помир”-у “Вахш”

Август 17, 2015 04:14

Душанбе, 17.08.2015 (АМИТ  «Ховар»,  Меҳрони   Қурбон)-Шоми 15 август, бозиҳои даври дувоздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор  шуданд. Дар ин давр  чемпиони  амалкунандаи  кишвар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аввалин имтиёзҳои худро дар мавсими имсолаи футбол аз даст дод. Бояд  зикр кард, ки  дастаи “Истиқлол” бозиро дар меҳмонӣ бо  “Регар-ТадАЗ”-и  Турсунзода мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод. Дар мавсими имсолаи футбол ин нахустин бозиест, ки футболбозони дастаи пойтахт ба  фатҳи  дарвозаи  ҳариф  муваффақ  намешаванд. Вохӯрӣ байни дастаҳои “Хайр” ва “Хуҷанд” низ мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар  бози дигар дастаи “Равшан”-и  Кӯлоб  дар майдони худ бо ҳисоби  минималии  1 бар 0 бар КМВА “Помир” пирӯз  шуд. Баъди ин ғалаба дастаи “Равшан” ба зинаи сеюми ҷадвали чемпионат баромад. Ёдовар мешавем, ки дастаи  “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  имтиёзи нахустинро соҳиб шуд. Дастаи “Парвоз” дар Истаравшан бозиро бо “Далерон-Уротеппа” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод.  Дастаи  “Барқи тоҷик”  дар  майдони худ  “Вахш”-и  Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби  2 бар 0  мағлуб  кард.

 

Август 17, 2015 04:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст