Ғалабаи “Саройкамар” бар “Хайр”-и Ваҳдат

Август 6, 2015 08:25

Душанбе, 06.08.2015(АМИТ «Ховар», Меҳрони  Курбон)-.Тоҳир Муминов, Сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат баъди мағлубияти ин тим аз “Саройкамар”-и Панҷ аз вазифа сабукдуш шудааст. 
Ёдовар  мешавем, ки  дар  бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон  дастаи  “Хайр” аз дастаи “Саройкамар”-и  Панҷ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди ин бохт президенти  дастаи “Хайр” — Қутбиддин Хайров сармураббиро аз мақом барканор кардааст. Оқои Хайров дар мағлубияти даста сармураббиро айбдор мекунад. “Ӯ натавонист дастаро ба бозии даври ҷавобӣ омода созад. Аз ҳамин лиҳоз қарор дар бораи барканории ӯро қабул кардам”. 
Ба  гуфтаи  президенти даста минбаъд масъулияти сармураббӣ бар души Исроил Идиев гузошта мешавад. Хотирасон менамоем, ки  дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар ҷадвали мусобиқоти Ҷоми Тоҷикистон бо 19 хол дар зинаи сеюм қарор гирифта, рӯзи  9 август дар даври 11-уми мусобиқот бо дастаи “Истиқлол” дар  варзишгоҳи   марказии  шаҳри  Душанбе вориди   рақобат  мешавад.

 

 

Август 6, 2015 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст