Ҷаласаи понздаҳуми Шўрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ
Душанбе, 07 .08. 2015, (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи понздаҳуми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст гузориши Котиби масъули Шўро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шўрои машваратӣ шунида шуд.
Тавре таъкид гардид, дар давраи аз ҷаласаи 14-уми Шўро то имрўз, аз ҷумла Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта тасдиқ гардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалии суғурта ва тавсияҳои коршиносони байналмилалии соҳа таҳия ва ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст.
Ҳамчунин бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ, Ҷамъияти саҳомии пушидаи “Биржаи фондии Осиёи Марказӣ” ба сифати биржаи фондӣ тавассути низоми “Равзанаи ягона” ба қайд гирифта шуда, барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва мусоидат ба содироткунандагони маҳсулоти ватанӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бюрои миллии хизматрасонӣ ҷиҳати фаҳмондадиҳии талаботи техникии тиҷорат ва меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ таъсис дода шуд.
Доир ба масъалаҳои рўзномаи ҷаласа оид ба беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва дигар масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи Шўро, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон бо таклифу пешниҳодоти судманд баромад намуданд.
Дар хотимаи кори ҷаласаи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баромад карда аъзои Шўрои машваратӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони бахши хусусӣ ва дигар масъулони дахлдорро барои иҷрои саривақтии нақшаю чорабиниҳо ва қарору тавсияҳои ҷаласаи навбатии Шўро вазифадор намуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






