Ҷамъбасти мусобиқаи «Варзиш бе маводи мухаддир»

Август 25, 2015 09:35

Душанбе, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба «Футболи хурд» таҳти шиори «Варзиш бе маводи мухаддир» миёни дастаҳои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки тӯли як моҳ идома дошт, ғолибонро муайян кард.
Тавре дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дирӯз 24-уми август даври ниҳоии мусобиқа баргузор гардид, ки дар он 24 даста аз тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои Вазорати корҳои дохилӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа дастаҳои Дастгоҳи Марказии ВКД мақоми аввал ва  РВКД дар вилояти Хатлон мақоми дуюм ва ғолиби мусобиқаи имсолаи байни ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ эълон шуданд. Барои ишғоли ҷойи сеюм дастаҳои Академияи ВКД ва ШВКД дар ноҳияи Варзоб бозӣ доштанд.
Ба ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукотии ШҶ «Динамо»-и ВКД бо Ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Август 25, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов