Ҳамкорӣ ба хотири ҳимояи ҳуқуқ
Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вохӯрии муштараки ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо Йогр Пуделка — директори минтақавии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва роҳбари Барномаи мазкур дар Тоҷикистон Виктор Кеслерр доир гардид.
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба амалисозии ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Барномаи минтақавии GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ) «Дастгирии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд. Барномаи мазкур бо мақсади муттаҳидсозии ҳуқуқи хусусӣ, иқтисодӣ ва маъмурии ислоҳёфта, таҳияи лоиҳаҳои нави қонун ва такмили ихтисоси судяҳо, адвокатҳо ва дигар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ равона шуда, аз рӯйи се самт фаъолият менамояд.
Ҳамчунин тарафҳо арз доштанд, ки омодаанд ба таҳияи нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар татбиқи Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалияи мақомотҳои кишвар тибқи ёддошти тафоҳум шуруъ кунанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






