Ҳамкорӣ ба хотири ҳимояи ҳуқуқ

Август 28, 2015 04:05

Душанбе, 28.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вохӯрии муштараки ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода,  директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо Йогр Пуделка — директори минтақавии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва роҳбари Барномаи мазкур дар Тоҷикистон  Виктор Кеслерр  доир  гардид. 
Дар вохӯрӣ роҷеъ ба амалисозии ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Барномаи минтақавии GIZ (Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ) «Дастгирии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд. Барномаи мазкур бо мақсади муттаҳидсозии ҳуқуқи хусусӣ, иқтисодӣ ва маъмурии ислоҳёфта, таҳияи лоиҳаҳои нави қонун ва такмили ихтисоси судяҳо, адвокатҳо ва дигар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ равона шуда, аз рӯйи се самт фаъолият менамояд.
Ҳамчунин тарафҳо арз доштанд, ки омодаанд ба таҳияи нақшаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар татбиқи Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалияи мақомотҳои кишвар тибқи ёддошти тафоҳум шуруъ кунанд.

 

Август 28, 2015 04:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид