Ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот
Душанбе, 14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 19426 гектар картошка кишт шудааст. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ майдони 6560 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1227 гектар зиёд мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, то имрўз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 141900 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39414 тонна афзун буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 216, 3 сентнериро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 сентнерӣ бештар аст.
Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар сабзавот кишта шуд, ки то имрўз майдони 18527 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2448 гектар зиёд мебошад. То 7августи соли равон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 457407 тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки дар нисбати соли гузашта 91421 тонна афзунтар буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 246,9 сентнериро такшил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 19,3 зиёд мебошад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 274209 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62211 тонна бешаст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 207,5 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 сентнерӣ афзунтар аст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






