Ҳарорати ҳаво ва таъсири он ба пиряху дарёҳо

Август 5, 2015 06:05

       Душанбе  05.08.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода)- Мувофиқи пешгӯиҳои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ  ҳарорати баланди  гармии ҳаво то чанд рӯзи дигари моҳи август идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин  мутахассисон  иттилоъ медиҳанд, ки дар баробари гармии ҳаво хавфи омадани сел дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ  вуҷуд  дорад.
        Сайёра Навҷувонова-мутахассиси пешбари Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки гарчанде рӯзҳои шадиди гармиро ҷумҳурӣ паси  сар намуд, аммо бо вуҷуди ин мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки  вазъи обу ҳаво  аз 5-ум то 7-уми август ҳамоно бетағйир буда, ҳарорат дар баъзе минтақаҳо то 43 дараҷа гарм хоҳад шуд: «Аз рӯйи пешгӯии мутахассисони  Агентии обуҳавосанҷӣ аз 5-ум то 7-уми август сар карда, гармии ҳаво дар вилояти Хатлон шабона  22-27, рӯзона  28-43 дараҷа гарм хоҳад шуд, дар вилояти  Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона 20-25 рӯзона  36-41 дараҷа гарм хоҳад шуд, дар ВМКБ дар ғарби вилоят  шабона 17-22 рӯзона 27-32 дар ғарби вилоят  шабона 7-12 дараҷа рӯзона  17-22 дараҷа гарм  мешавад»-иттилоъ дод  номбурда.
         Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди обӣ буда, наздик ба 8,5 ҳазор пиряхро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод аз ҷумла 291-то дар ҳавзаи  дарёи Ванҷ, 969-то дар ҳавзаи дарёи Бартанг, 756 пирях, дар ҳавзаи дарёи Оби Хингоб  ва наздики 100 пирях дар ҳавзаи дарёи Муқсу ҷойгир аст. Абдурашид Тағойбеков-сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ иброз медорад, ки зимни гузаронидани як тадқиқот муайян шуд, ки ҳаҷми пиряхи Мазорӣ то 120-140 метр нисбат ба солҳои 90-ум паст шудааст ва ҳамчунин аз таъсири гармӣ дар баъзе  ҳавзаҳои дарёҳо зиёдшавии обҳо аз ҳисоби пиряхҳо ба назар мерасад: «Барои фароҳам овардани  болоравии сатҳи оби дарёҳо  дар қисмати болоии Ванҷоб , ҳавзаи дарёи  оби Хингоб, ҳавзаи дарёи  Муқсу, инчунин дар ҳавзаи дарёи Бартанг ва ҳавзаи дарёи Язгулом  пиряхҳои хурду калон ба назар мерасанд. Якбора боло рафтани ҳарорат ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонад, ки барои фароҳам овардани сел замина мегузорад»,-меафзояд Абдурашид Тағойбеков.
        Гарчанде дар даҳаи аввал ва дуюми моҳи июл дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон баландшавии сатҳи об ба мушоҳида расида, дар даҳаи сеюм  камшавии  обнокии  ин дарёҳо   ба  қайд гирифта  шуд,  аммо дар оғози моҳи август боз  сатҳи  оби дарёҳое, ки аз ҳисоби пиряхҳо ғизо мегиранд баланд хоҳад шуд, иттилоъ дод  Воҳид  Ҳамидов-сардори шӯъбаи обшиносии Агентии обуҳавошиносӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар»: «Дар моҳи июл нисбат ба меъёр  обнокии дарёи Вахш 10-20 фоиз аз меъёр  зиёд буд, оби ҳавзаи дарёи Панҷ  то 2,5  баробар зиёд буд, обнокии дарёи Зарафшон бошад нисбат ба меъёр  25 фоиз афзуд. Обнокии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон,яъне  Варзоб, Кофарниҳон дар ҳадди меъёр буд».
         Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки ҳарорати гармие, ки айни замон мамлакатро фаро гирифтааст дер  давом накарда, аз 8-уми август  4-6 дараҷа  паст хоҳад шуд.

 

Август 5, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад