Қатли 15 зан барои розӣ нашудан ба издивоҷ бо аъзои ДИИШ

Август 17, 2015 03:10

Душанбе, 17.08.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода). — Саид Мамузинӣ, сухангўи ҳизби Демократии Курдистон дар Мавсил зимни як мусоҳиба бо шабакаи «Ассумирия» эълом кард, ки пайкорҷўёни такфирӣ 15 занро ба далели розӣ нашудан барои издивоҷ бо аъзои ДИИШ дар пойгоҳи низомии «Ғазлонӣ» ҳалок карданд. Мамузинӣ афзўд: «Террористҳои ДИИШ дар ду моҳи охир беш аз 30 занро бо сабаби даст кашидан аз издивоҷ бо аъзои ин гурўҳ ба қатл расониданд». Ин чунин Ҳоно Навофилӣ, сухангўи  Созмони дидбони дифои занони осебдида дар Ироқ ба хабаргузории «Ал-маълума» гуфта буд, ки террористҳои ДИИШ дар Фалуҷа ба ҳафт зан таҷовузи гурўҳӣ карда, сипас онҳоро ба қатл расониданд.

 

Август 17, 2015 03:10

Хабарҳои дигари ин бахш