Аъзои гурӯҳи кории “Ҳаҷ-2015” ба Мадинаи мунаввара расиданд

Август 28, 2015 06:01

Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-26-уми августи соли 2015 гурӯҳи кории “Ҳаҷ-2015” ба Мадинаи мунаввара расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Мадина гурӯҳи кориро намояндагони ширкати хизматрасон истиқбол намуданд. Рӯзи 27 август қароргоҳи ситод, ки дар он  фаъолияти аъзои гурӯҳи корӣ ва роҳбаладон мутамарказ мегардад ва онҳо дар меҳмонхонаи “Анвор-ул-макорим” ҷойгир мебошад,  барои хизматрасонӣ ба ҳоҷиёни тоҷик омода шуданд. Қароргоҳи ситод бо лавҳаву овезаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар даромадгоҳи он парчами Тоҷикистон афрошта шудааст. 
 Ситоди “Ҳаҷ-2015”-ро дар кишвари Арабистони Саудӣ муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз роҳбарӣ мекунад. Роҳбари ситод ҳамарӯза бо гузаронидани ҷаласаҳо ба ҳар узви гурӯҳи корӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мавсими ҳаҷи имсола дастуру супоришҳо медиҳад. 

 

 

Август 28, 2015 06:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид