Аъзои гурӯҳи кории “Ҳаҷ-2015” ба Мадинаи мунаввара расиданд
Душанбе, 28.08.2015 (АМИТ «Ховар»).-26-уми августи соли 2015 гурӯҳи кории “Ҳаҷ-2015” ба Мадинаи мунаввара расид. Дар фурудгоҳи байналмилалии Мадина гурӯҳи кориро намояндагони ширкати хизматрасон истиқбол намуданд. Рӯзи 27 август қароргоҳи ситод, ки дар он фаъолияти аъзои гурӯҳи корӣ ва роҳбаладон мутамарказ мегардад ва онҳо дар меҳмонхонаи “Анвор-ул-макорим” ҷойгир мебошад, барои хизматрасонӣ ба ҳоҷиёни тоҷик омода шуданд. Қароргоҳи ситод бо лавҳаву овезаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар даромадгоҳи он парчами Тоҷикистон афрошта шудааст.
Ситоди “Ҳаҷ-2015”-ро дар кишвари Арабистони Саудӣ муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз роҳбарӣ мекунад. Роҳбари ситод ҳамарӯза бо гузаронидани ҷаласаҳо ба ҳар узви гурӯҳи корӣ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мавсими ҳаҷи имсола дастуру супоришҳо медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






