Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея
Душанбе, 15.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Корея Пак Кин Хе барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Хонуми Олиҷоҳ,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ ва мардуми дўсти Корея табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати солгарди Иди миллии кишваратон тақдим медорам.
Тоҷикистон Кореяро ҳамчун шарики муҳим ва дўсти боэътимод медонад ва ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дўстона ва ҳамкории муфид бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса медиҳад.
Аз ин рў Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории гуногунарсаи ҳар ду кишвари дуст хушбин аст.
Мутмаинам, ки иҷрои аҳду паймонҳои ду ҷониб дар чаҳорчўбаи сафари расмии имсолаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ҳосилшуда муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории муфиди моро ба сатҳи сифатан нав боло хоҳад бурд ва оѓозгари марҳалаи навини рушду тавсеа хоҳад гашт. Ҷониби Тоҷикистон ба хотири татбиқи барномаҳои муштараки мо, таҳкими суботу амнияти минтақа ва рушди устувори он саъю кўшиши заруриро дар ин самт дареѓ нахоҳад дошт.
Ин рўйдоди фараҳбахш ба ман имконияти хуберо фароҳам овардааст, то ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳҳатии комил, саодату дастовардҳои навин ва ба мардуми дўсти Корея, сулҳу субот ва шукуфоӣ орзу намоям”.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






