Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон

Август 14, 2015 11:39

Душанбе, 14.08.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов намояндаи доимии Бунёди Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Али Песнаниро  ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон оид ба рушдро дар соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳим мавриди муҳокима  қарор доданд. 
Зимни сӯҳбат, раванди ҳамкориҳо дар самти рафъи пайёмадҳои офатҳои табиӣ, ки чанде пеш дар минтақаҳои Рашту Бадахшони Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста буд, баррасӣ гардид.

 

Август 14, 2015 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш