Барзиёд иҷро шудани кишти такрорӣ дар Ваҳдат
Ваҳдат, 13.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Кормандони соҳаи кишоварзии шаҳр Ваҳдат баҳри таъмини ҳадафҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар майдони 16999 гектар зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузарониданд, ки баробари 100 фоизи нақшаи солона мебошад.
Дар ин давраи кишти такрорӣ дар майдони 10208 гектар зироатҳои ғалладона ва лубиёӣ, дар 1897 гектар зироати хӯроки чорво, дар 1027 гектар зағиру масъар дар 101 гектар офтобпараст, дар 872 гектар картошка, дар 2384 гектар сабзавот, дар 21 гектар сабзавоти тухмӣ, дар 264 гектар пахта ва 225 гектар полизӣ кишт карда шуд.
Айни замон дар ҳудуди шаҳр ҷамъоварии ҳосили ғалладона, картошкаю сабзавоти барвақтӣ, зироатҳои хӯроки чорво ва мева босуръат идома дорад ва ба ҳолати 1 июли соли 2015 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 19442 тонна ғалладона, 8633 тонна картошка, 7668 тонна сабзавот, 1612 тонна мева ва 8453 тонна хӯроки чорво ҷамоварӣ карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 3800 тонна ғалла, 1239 тонна картошка ва 21 тонна мева зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ кирмакпарварон ва чорводорон дар маҷмӯъ 30 тонна пилла истеҳсол намуда, 64383 сар барраю бузғола, 11758 сар гӯсола ва 179 сар той гирифтанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 10 тн пилла, 442 сар гӯсола, 2525 сар барраю бузғола ва 17 сар той зиёд мебошад. Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар ин давра 3687 тонна гӯшт, 9626 тонна шир, 14323 ҳазор дона тухм, 11,7 тонна моҳӣ, 21,1 тонна асал ва 39 тонна пашм истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми афзоиши онҳо аз 0,1 то 20,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ 174 млн 559 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4 млн 571 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ҳаҷми афзоиши он 2,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр 78110 сар чорвои калони шохдор, 149353 сар бузу гӯсфанд, 434111 сар паранда, 1176 сар асп ва 13876 сар оилаи занбӯри асал парваришу нигоҳубин ёфт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми афзоиши онҳо, ба истиснои оилаи занбӯри асал, аз 0,6 то 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр дар майдони 65,8 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки дар нисбати нақшаи солона 39,8 гектар зиёд мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






