Беш аз 7 ҳазор сомонӣ ҳамчун товони зарар ба мардуми Тавилдара

Август 5, 2015 03:58

    Тавилдара, 05.08. 2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Шуъбаи суғуртаи давлатии ноҳияи Тавилдара баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғурта”ва Дастурамали корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”, ”Дар бораи намудҳои суғурта” як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар шаш моҳи соли равон ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ 2 ҳазору 954 шартномаи суғуртавӣ баста шуд, ки аз ин   325 тоаш  шартномаи ҳатмӣ ва 2 ҳазору 629 тоаш  шартномаи ихтиёрӣ мебошад.
 Аз ҳамаи намудҳои суғуртаи ҳатмию ихтиёрӣ ба маблағи 64 ҳазору 736 сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид шудааст, ки ба 116,8 дарсади  нақша баробар аст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014  ин муассиса 145 шартнома  зиёд баста, 5 ҳазору 994  сомонӣ маблағ ба буҷет ворид намудааст.
Ба суғурташудагони ба ҳаёту саломатиашон осебрасида ва молу амволашон зарардида дар  ин давра   ба маблағи 7 ҳазору  560 сомонӣ ҳамчун товони зарар ҳақгузорӣ карда  шудааст/

 

Август 5, 2015 03:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст