Беш аз 90 санҷишу огоҳнома ба сокинони Тавилдара

Август 25, 2015 09:35

Тавилдара, 25.08.2015 (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Тавилдара дар нимсолаи якуми соли равон дар деҳоти ноҳия оид ба истифодабарии оқилонаи сарватҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот ва шикори моҳӣ сӯҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида,  дар ин давра 48 санҷиш, 47 огоҳнома додааст.    
 Аз ҳисоби пардохт, маълумотномаҳо ва зарар ба суратҳисоби бахши ҳифзи муҳити зист  ба маблағи 6ҳазору 750 сомонӣ , аз ҳисоби ҷарима ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 480 сомонӣ, аз ҳисоби иҷозатномаҳо ва даромад  ба буҷаи маҳаллӣ 1 ҳазору 680 сомонӣ ворид карда шудааст.

Август 25, 2015 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш