Бо усули «Хона ба хона»

Август 21, 2015 04:52

Душанбе,  21.08.2015 (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-  Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Зафар» оид ба масъалаҳои ҳалталаби рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, террористӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни занону духтарон ва наврасон, оид ба нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ вохӯрӣ аз рӯйи усули «Хона ба хона» баргузор гардид.
Оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Зафар» намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири бахши занони ноҳияи Шоҳмансур, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, раиси маҳаллаи «Зафар», сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида шуд. Бо истиқоматкунандагон инчунин оид ба масъалаҳои озоду тоза нигоҳ доштани манзили зист ва кӯчаҳо, ташкили шанбегиҳо барои пешрафту ободии маҳали зист сӯҳбатҳо доир карда шуд.
Инчунин, ба ҳар узви  калонсоли оила, ба падару модарон тавсия дода шуд, ки барои дастгирии оилаҳои ҷавон ҳамеша маслиҳатҳои муфидашонро  дареғ надоранд. Ибтидои ҳар хушбахтӣ дар хонаводаҳо пеш аз ҳама ба волидайн вобаста аст. Агар волидайн аз мактаби оиладорӣ сабақи зарурӣ гирифта бошанд, дар зиндагӣ ҳамрози фарзандони худ мегарданд, ки шарти аввалини хушбахтии оилавӣ аст, зеро ҳамдилию ҳамзабонӣ ва ҳамроз будан дар хона беҳтарин сифатҳои инсонист ва кассе дорои чунин сифатҳост, бешак ба қуллаҳои баланди хушбахтӣ хоҳад расид. 

 

Август 21, 2015 04:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст